Самтњои самараноки омўзиши забони модарї дар кўдакистон



Дата12.08.2019
Размер24,3 Kb.
Самтњои самараноки омўзиши забони модарї дар кўдакистон
Забон воситаи муњими муоширати одамон, дарки њаќиќат, роњи шиносої бо осори пурќимати аз насл ба насл гузашта ба њисоб рафта, аз љониби дигар воситаи тарбия ва таълим низ мањсуб меёбад. Зимни омўзиши забони модарї кўдак асосњои ибтидоии тарбияи ватандўстї, хештаншиносї, худогоњии миллї, ахлоќию маънавї, маърифат, зебопарастї, касбу мењнат, тањаммул ва ѓайраро аз худ мекунад.

Олим ва педагоги бузурги рус К.Д.Ушинский каломи модарро «мактаби бузурги тарбия» номида, њамеша кўшиш ба харљ додаст, ки фарзандон аз хурдї ба ин мактаб фаро гирифта шаванд. Дар ин маврид педагоги бузург таъкид ќайд намудааст: «Дар кўдак бояд аввал нутќи шифоњї ташаккул ёбад, то ки минбаъд барои нутќи хаттии он њамчун тањкурсї хизмат кунад, ки мањз дар ин замина ба онњо грамматика таълим дода мешавад. Зеро омўзиши грамматика ва имло аз кўдакон тафаккури ташаккулёфта ва мањорати баён намудани фикрро таќозо менамояд» [4].

Љараёни инкишофи нутќ ва омўзиши забони модарї дар синну соли хурд ду љанбаи аз њам људонашавандаанд, чунки забони модариро аз худ намуда кўдак на танњо калимањо, балки мафњумњои зиёд, андеша, њиссиёт, образњои адабї, мантиќ ва фалсафаи забонро аз худ мекунад ва - «дар давоми ду-се сол бе ягон мушкилї он ќадар донише аз худ мекунад, ки њадди аќќали онро дар давоми бист соли дигари омўзиши боѓайратона аз худ карда наметавонад. Чунин аст педагогикаи машњури халќ - каломи модарї» [5,с.77].

Дар низоми педагогии академик М.Лутфуллоев забони модарї, њамчун асоси таълим ва тарбияи кўдакону хонандагон, махзани фаъолияти маърифатии наслњои гузашта, ганљинаи њамаи донишњо муайян гардида, забони модариро фанни марказии таълимї ва асоси таълимии њамаи фанњо дар мактаби ибтидої мењисобанд. Дар осораш «Асосњои таълими ибтидоии забони модарї» устод вазифањои асосии таълими забони модариро чунин муайян намудааст:

- бунёдгузории малакаи хониш дар шогирдон;

- омўзонидани сухан кардану сухан шунидан ба хонандагон;

- ёд додани хондану навиштан ва ташаккули тасаввуроти ахлоќию зебоиписандии хонандагон;

- инкишофи њавасмандии кўдакон ба китоб, ки манбаи дониш ва таљрибаи њаёт аст;

- бедор намудани шавќу њаваси бачањо ба омўзиши забони модарї, њифзи тозагии забон, мушоњидаи муњит ва таљрибањои њаёт;

- ташаккули љањонфањмии ибтидоии талабагон ва бой намудани нутќи онњо;

- рушди зењн ва аќли мактабиёни хурдсол;

- пайдо кунонидани мањорати тањлили маводи омўхта, муќоиса, хулоса, љамъбаст ва дарёфти фикр ва чизи асосї дар талабагон.

Маќсади асосї аз тарбияи шахсияте мебошад, ки арзишњои забони модариро аз худ намуда, ќобилияти муошират намудан, баёни фикр, мубодилаи афкор ва бодиќќат гўш кардани дигаронро меомўзад.

Ба мазмун ва методикаи омўзиши ибтидоии забони модарї аз кўдакистон бояд диќќати љиддї дод, зеро зарурати фаъолонидани истифодаи калимањо ва ба низом овардани нутќ мањз дар њамин давра ба миён меояд. Дар ин маврид бояд диќќати асосиро ба инкишофи самтњои афзалиятноки нутќи кўдакон равона карда, ба тарбияи маданияти овозии нутќ, ташаккули сохти грамматикии нутќ ва инкишофи нутќи мураттаб таваљљуњ намуд.

Асосан, вазифањои инкишофи нутќ дар барномаи таълимиву тарбиявии кўдакистон муайян гардидаанд, ки вобаста ба онњо самти корњои методї равшан мешаванд.

Бинобар ин, зарурати муайян кардани методу усулњои корбарї, ки ба њалли масъалањои инкишофи нутќи мураттаб нигаронида шудаанд ва дар маљмўъ заминањои методии онро ташкил медињанд, пеш меояд. Вазифањои инкишофи нутќ, ки дар барнома муайян мегардад, доираи малакаю мањорати нутќи кўдаконро дар гурўњњои синну солашон гуногун муќаррар мекунанд.

Ташаккули инкишофи нутќи мураттаб, пеш аз њама, ба воситањои методие, ки истифодаи бамавќеъ ва самараноки онњо воситаи хуби рушду инкишофи нутќ дар даврањои муайяни синнусолї мегардад, вобастагї дорад.

Аз љумла, дар адабиёти илмию методї як ќатор воситањои инкишофи нутќ ном бурда мешаванд, ки аз онњо муњимтаринашон муоширати босамари калонсол бо кўдак, муњити солими забонї, нутќи ифоданоки мураббї, намудњои гуногуни санъат, омўзиши забони модарї дар машѓулиятњо ва адабиёти бадеї ба њисоб мераванд.

Тазаккур мебояд, ки њар кадоме аз ин воситањо дар даврањои муайяни синнусолї дар инкишофи нутќи кўдакони синни томактабї наќши амиќу мушаххас гузошта, асоси рушди тафаккури нутќї мегарданд. Зеро дар синни хурд ва миёнаи томактабї муошират воситаи асосии инкишофи нутќ дониста мешавад ва бесабаб њам нест, ки Ш.А.Амонашвили ба ќудрату тавоноии муошират сахт иќрор шуда, онро «пояи асосии тарбия» номидааст.

Дар синни калони томактабї бошад, ба љуз муоширати байни кўдакон, омўзиши забони модарї дар машѓулиятњои нутќї ва ќироати адабиёти бадеї воситаи асосии самаранок инкишофёбии нутќи мураттаб мањсуб мешавад.

Барои дуруст ба роњ мондани омўзиши забони модарї дар раванди таълими кўдакони синни томактабї аз роњу усулњое истифода бурдан лозим аст, ки асоси инкишофи нутќи кўдакро таъмин намоянд. Яке аз чунин усулњо ё омилњо алоќамандии кўдак дар раванди муошират ва муносибат бо одамони атроф ба њисоб меравад, ки дар ин љараён кўдак фаъолии табиии худро дар дакрккунї ва амалњояш зоњир менамояд. Дар ин маврид калонсол барои кўдак шароити мусоидро фароњам оварда, кўдакро ба фаъолияти якљоя љалб мекунанд, барояш муњити моддї ва забониро ташкил мекунад. Инчунин барои фаъолонидани суханронї, муошират ва азхудкунии намунањои нутќї вазъиятњоро ба вуљуд оварда, диќќати махсусро ба инкишофи шунавоии фонетикї ва талаффузи дурусти овозњо, малакањои нозуки тањрикии даст људо менамоянд.

Дар барномаи тарбия, таълим ва инкишофи кўдакони синни томактабї - «Рангинкамон» вазифањои омода намудани кўдакон ба саводомўзї муайян шудаанд.

Натиљаи нињої аз он иборат аст, ки дар охири синни 7 солагї мавриди гузаштан ба тањсил дар мактаби ибтидої кўдак бояд истифодаи дурусти истилоњњои: њарф, калима, њиљо ва љумла, тањлили овозии калима, ба њиљоњо људо кардани калима, муайян кардани мавќеи љойгиршавии овоз ва њарф дар таркиби калима, таѓйирдињии овозњо дар таркиби калима, оѓозшавии љумла бо њарфи калон ва донистани њарф њамчун тасвири хаттии овоз, омўхтани тарзи навишти њарфро аз бар карда бошад.

Устод М.Лутфуллоев дар китоби «Асосњои таълими ибтидоии забони модарї» чунин ибрози аќида намудаанд: «Таълими «Забони модарї» шартан ба ду давраи муњим вобаста мебошад: 1. Давраи омодагї ба таълими савод дар синни калони томактабї. 2. Давраи таълими савод. Давраи таълими савод нимсолаи аввали синфи якро фаро мегирад. Ин давра дар навбати худ аз марњилањои тоалифбо, алифбо ва баъди алифбо иборат аст. Њар яке аз ин марњилањо вазифањои муайяни худро доранд:

- марњилаи тоалифбо, ё омодагї: ба синфи 1 фаро гирифтани бачагони синнусоли мактабї ва бедор намудани майлу раѓбати онњо ба фаъолияти таълимї, аз љумла, инкишофи њисси овозию шунавої, дарки моњияти овоз њамчун унсури хониши калима ва моњияти њарф њамчун аломати овоз барои ифода (навиштан), инкишофи даст ва панљањо; омўхтани унсурњои асосии хат (пур кардани ќолабњои тайёр, расм, хат бурдан аз руйи рахњо, риояи рахи дафтар); инкишофи нутќи мураттаб, зиёд намудани захираи луѓат, аз бар кардани шеърњо, дарки унсурњои ќолаби љумла, калима, њиљо, овоз ва њарф)».

Маќсад аз омода намудани кўдакон ба таълими савод дар кўдакистон аз он иборат аст, ки кўдакон фарќ ва људо кардани љумла, калима, њиљо ва овоз, сохтани ќолаби (модели) љумларо амалї аз худ намуда, аз калимањо тартиб додани љумлањои сохташон гуногун, баён карда тавонистани фикри худ бо љумлањои бо њам алоќамандро меомўзанд.

Дар машѓулиятњои омодагї ба таълими савод мураббї бояд аз асбобу аёниятњои намоишї ва таќсимотї истифода намоянд: расм –наќшаи калима, намоишї 1-то, њаљмаш калон, расм–наќшаи калима, таќсимотї барои њар як кўдак, наќшаи калимањои аз 3 то 10 овоза, доирачањои зард, сабз, сурх, ишорачўбњо, њарфњои чопии калон ва хурд. Бояд ќайд намуд, ки дар гурўњи омодагї ба мактаб танњо истифодаи њарфњои чопї ба маќсад мувофиќ мебошад.

Дар машѓулияти омодагї ба саводомўзї бозињои дидактикї љои махсусро ишѓол менамоянд. Бозињои дидактикии шифоњї бо маќсади мустањкамкунии мавзўи гузашта, тањлили овозии калима ва муайян кардани мавќеи љойгиршавии овоз дар таркиби калима ва монанди ин ташкил карда мешаванд. Дар шакли мусобиќа байни гурўњњо низ ин бозињоро ташкил намудан мумкин аст.



Дар асоси тањлилу баррасии масъалаи мазкур ба хулосае омадан мумкин аст, ки барои омўзиши забони модарї дар синни калони томактабї ва давраи тоалифбо истифодаи роњу усулњои босамар ба ташаккули тањкурсии малакаи хониш дар кўдакон, бедор намудани шавќу њавас нисбат ба забону хондан, дарки муњити атрофу љањонфањмии ибтидої ва ба рушди равандњои маърифатии кўдакон равона гардидаанд.

Њалли масъалаи иброзшуда ва амалї намудани онро дар коркарди барномаи маќсаднок дарёфтан лозим аст, ки банаќшагирии босифати раванд ва муттањидии њама љанбањои омўзиши забони модариро дар кўдакистон ва мактаби ибтидої таъмин намояд.

Поделитесь с Вашими друзьями:


База данных защищена авторским правом ©psihdocs.ru 2019
обратиться к администрации

    Главная страница