Чумхурии Точикистон холо чавон аст. Бахри рушди он омузгорон бояд чахду талош намоянд. Маориф пояи миллат аст, махз барои хамин хуччатхои мухими сохаи маориф кабул шудаанд



Скачать 17,34 Kb.
Дата30.04.2020
Размер17,34 Kb.

Чумхурии Точикистон  холо чавон аст. Бахри рушди он омузгорон бояд чахду талош намоянд. Маориф пояи миллат аст, махз барои хамин хуччатхои мухими сохаи маориф кабул шудаанд. Хамаи ин хуччатхо самараи истиклолият буда, бахри рушди Чумхурии Точикистон мебошанд. 

Консепсияи миллии тарбия ифодагари сиёсати кунуни ва дурнамои давлат дар тарбияи миллии ахоли, махсусан насли наврас мебошад. Он мохият, максаду вазифахо ва мазмуни тарбияи миллиро дар мархилаи нави таърихи, накш ва макоми онро дар ташаккули шахсият муайян мекунад.

Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон тарбияи кудакону наврасон ва чавононро дар рухияи арзишхои суннатию башари яке аз вазифахои мухими  давлат ва чомеа дониста, масъалахои демографи  ва танзими оиларо хамчун омили асосии рушди чомеаи солим ба миён гузоштааст. Роху равишхои самараноки амали  намудани ин супоришхои сарвари давлат дар Консепсия  хеле равшан дарк гардидаанд.

Унсурхои таркибии тарбияи милли, ки дар Консепсияи миллии тарбия оварда шудаанд, барои бунёди чомеаи шахрванди дар Точикистон хеле заруранд. Консепсия имруз мо, омузгоронро водор менамояд, ки дар дарсхоямон бояд хар чи бештар ба ин унсурхои тарбияи милли диккат дихем ва дар баробари додани дониш шахсияти хонандагонро ташаккул дихем. Дар урфият мегуянд: «Олим шудан осон, одам шудан мушкил». Мардуми чахонро имруз чунин андешахо ба ташвиш овардаанд: «Барои чи пешрафти илму техника  ба инсоният ба гайр аз шароити кулай боз мушкилоти маънави эчод намудааст?. Чаро офариниши технологияи нав инсониятро бо хатари нобудшави ру ба ру сохтааст?» А.Эйнштейн сабабгори аввалини ин холатхои дахшатнокро ба костагии ахлоки одамон мансуб медонад. Ба андешаи у чанбаи рухонию маънавии хаёти  инсон аз тахаввул боз мондааст, ки аз як чихат ба пешрафти илму техника марбут мебошад.

Инсоният он арзишхои суннатию башариеро,  ки дар бораи онхо гуманистони бузурги давраи эхё, файласуфон, маърифатпарварон афкори чолиб доштанд, аз даст додааст. Ба гайр аз ин инсон бештар бовари  хосил кард, ки  дар натичаи тараккиёти илму техника у ба табиат, чомеа ва дар худаш дигаргуни ворид созад. Тафаккури технократи  дар хамаи чабхахои хаёт ворид шудааст, лекин ин тафаккур чанбаи ахлокии хаёти инсониро аз назар дур месозад. Сабабгори асосии гайригуманисти  шудани хаёти инсон ин бетараф будани волидон дар тарбияи кудакон аст. Тарбияи кудак аз оила сарчашма мегирад, вале баъзан падару модарон тарбияи фарзандро танхо вазифаи мактаб медонанд. Онхо хатто дар акидаи онанд, ки кудак калон шавад, ба аклаш сохиб шавад, баъд ба тарбияи у шуруъ мекунанд.

Тарбияи хонандагон дар мактаб чавобгуи талаботи имрузаи чомеаи шахрванди нест. Хонандагон дар муносибат нисбати хамдигар ва нисбати калонсолон беэътинои зохир намуда, хангоми муносибат ба хиссиёт дода мешаванд. Агар гояхои гуманистиро аз оила сар кунем, тараккиёти илм ва техника  ба инсон фоидаи зиёдтар мерасонад.

Барои ба ин ноил шудан бояд дар хонандагонамон шахсиятро тарбия кунем. Тарбияи гуманисти дар ниходи хонандагон хислатхои башардусти, доштани муносибати хуб бо волидон, хешу табор, омузгорон, хамсинфон ва нисбати халку миллатхои дигар пайдо мекунад. Хар як хатмкунандаи мактаб бояд ба гайр аз дониши хуби фанхои таълими доштан дорои сифатхои бехтарини инсони бошад.

Адаб точест аз нури илохи,

Бинех бар сар, бирав, хар чо ки хохи.

Вазифа ва масъулияти муаллимон имруз бештар шудааст ва дигар наметавон бо равишхои суннатию кадими  ва афроди  онро  ба суи  пешрафт хидоят намуд. Имруз дар мактаб дониши хонанда мавкеи асоси гирифтааст, на шахсияти у. Кудак илмро аз худ кардааст, лекин дар аксари мавридхо барои фикри худро озодона баён кардан душвори  мекашад. Хонандаи мо чи дар давраи мактабхони ва чи баъди хатми мактаб дониши гирифтаашро дар хаёт истифода бурда наметавонад. Агар мо дар хонандагон тарбияи зебопарасти, мехнатдусти, тафаккури интикоди, тарбияи маъсулиятшиносиро напарварем, чомеаи мо хамкадами чомеаи башари шуда наметавонад.

Пеш аз оне ки мо дар хонандагон тафаккури интикодиро  инкишоф дихем, дар худ низ онро ворид кунем, ки тахаммул ва токатпазири  аз эхтироми акидахои дигарон ба миён меояд.

Аз муаллими асри ХХI талаб карда мешавад, ки вай хамкадами замон бошад, зеро ки чахони имруза воридоти бузурги ахбори аст. Махз муаллим онро хазм карда, хонандагонро низ омузонад, то ки ахборро истифода бурдан тавонанд. Бо рафтори худ аз истифодабарии илму техника ва илмхои замонави ба хонандагон  намунаи ибрат бошад, ки онхо низ мафхуми асосии илму техникаро дарк карда дар хаёти худ аз он окилона ва ба нафъи чомеа истифода бурда тавонанд. Муаллими асри ХХI бояд масъулиятшинос, гуманист ва иттилоотчи  бошад.    



Консепсияи миллии тарбия хуччати саривакти  буда, тамоми зиёиён бояд дар татбики он дар хаёт сахмгузор бошанд, то ки чомеаи шахрвандиро дар Точикистонамон ташкил кунем. Дар ин кор на факат сахми омузгор, балки сахми кулли шахрвандон ва муассисахои фарханги зиёд бошад, зеро Точикистони чавон ба кумаки хамаи мо мухточ аст.  

Поделитесь с Вашими друзьями:


База данных защищена авторским правом ©psihdocs.ru 2019
обратиться к администрации

    Главная страница