Барномаи давлатии



Скачать 37,19 Kb.
страница1/9
Дата12.08.2019
Размер37,19 Kb.
  1   2   3   4   5   6   7   8   9
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАКМИЛИ ТАЪЛИМ ВА ОМЎЗИШИ ЗАБОНҲОИРУСӢ ВА АНГЛИСӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ

СОЛҲОИ 2015-2020

 

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ

ТАКМИЛИ ТАЪЛИМ ВА ОМЎЗИШИ ЗАБОНҲОИ

 РУСӢ ВА АНГЛИСӢ ДАР ҶУМҲУРИИ

 ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2015-2020


  • МУҚАДДИМА

Дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, талабот ба мутахассисоне, ки забонҳои русӣ ва англисиро хуб медонанд ва аз ин забонҳо дар муоширати касбӣ  ва ҳаррўза истифода бурда метавонанд, меафзояд. Бинобар ин андешидани чораҳои самарабахш баҳри инкишоф ва рушди минбаъдаи шаклу усулҳои таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ҳамчун воситаи муошират бо ҷомеаи башарӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Чораҳои мақсаднок андешидашуда метавонанд доираи имконоти истифодабарӣ, амалӣ ва таҳияи методикаи муосири таълим, таҳия ва такмил додани маводи таълимӣ ва системаҳои комплексии технологии таълим, аз ҷумла системаи мултимедия, инчунин воситаҳои худомўзии фардиро, васеъ намоянд. Ҳамаи ин тадбирҳо коркарди механизмҳои нави муташаккилӣ, методӣ, илмӣ ва таъмини иттилоотии раванди таълиму тарбияро дар такмили таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб мекунад.

Масъалаи рушди забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ва забони русӣ чун забони муоширати байни миллатҳо аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Махсусан, нақш ва мақоми забони русиро дар фазои таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд кардан ба маврид аст. Ин нуқта дар Конститутсияи (Сарқонун) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъкид гардидааст. Ҳамзамон, иқтисоди бозоргонӣ, рушди муносибатҳои ҳамаҷониба бо кишварҳои ИДМ ва хориҷи дур, васеъ гардидани раванди мубодилаи дастовардҳои фарҳангӣ ва арзишҳои маънавӣ ба баланд шудани талабот баҳри таълим ва омўзиши амиқи забонҳои русӣ ва англисӣ оварда мерасонад.

Вазъи имрўзаи муносибат ба забон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар низоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, ки муносибати сиёсӣ ба забон дар кишвар дар баробари забони тоҷикӣ ба дигар забонҳо низ ҳуқуқи фаъолияти баробарӣ фароҳам меорад ва имкон медиҳад, ки онҳо низ омўхта шаванд.

Дар солҳои 2004-2014 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.12.2003, №508 «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии такмил ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004-2014» бомуваффақият амалӣ карда шуд. Вазъи имрўзаи фаъолияти забони давлатӣ ва бисёрзабонӣ дар ҷумҳурӣ аз натиҷаҳои муносибати сиёсӣ нисбат ба забони ин давра бармеояд. Илми забоншиносӣ қонуниятҳои вобастагии сатҳи бисёрзабониро аз дараҷаи донистани забони модарӣ хеле равшан муқаррар кардааст. Аз ин ҷост, ки хуб донистани забонҳои русӣ ва англисӣ бидуни амиқ донистани забони модарӣ имкон надорад. Ҳар қадар фарҳанги забони муоширати байналхалқӣ баланд бошад, ҳамон қадар фарҳанги забони миллӣ баланд мешавад. Ба дигар маънӣ, фарҳанги забони миллӣ бо сатҳи умумии фарҳанги ҷомеа, бо ташаккул ва тарбияи фарҳанги умумии шахсияти ҳамаҷониба обутобёфта тавъам мегардад.

Солҳои охир дар ҷомеаи муосир тағйироти куллии иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ мушоҳида гардида, муносибати байналмилалӣ васеътар мегардад. Аз ин рў, дар чунин шароит ниёз ба такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимӣ, ки ба ташаккули фарҳанги муоширати таҳаммулпазирона мусоидат мекунад, пайдо гардида, муносибати байни халқҳо ва кишварҳоро таҳким мебахшад.

Муоширати байнифарҳангӣ робитаи инсонҳоест, ки бо забонҳои гуногун ҳарф мезананд. Ҳар як забон, аз ҷумла русӣ ва англисӣ, ифодагари фарҳанги воқеии ҷомеа маҳсуб меёбад, ки дар ин ё он забон арзи ҳастӣ дорад ва ба фарҳанги он хизмат мекунад. Тавассути аз худ кардани забонҳои русӣ ва англисӣ инсон ҳамзамон ба фарҳанги миллии дигаре низ ошно мегардад, аз ҷаҳони маънавие, ки дар он забон нуҳуфтааст, дунёи ботиниашро ғанӣ мегардонад. Масъалаи омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ бо масъалаи омўхтани таърихи кишвар, фарҳанг ва ҳаёти он халқ вобаста аст.

Моҳияти таҳким ва устувории сиёсати давлатӣ дар самти рушд ва инкишофи бисёрзабонӣ дар ҷумҳурӣ, қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба сифатан беҳтар намудани таълиму омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ба ташаккули шахсияти ҳамаҷониба рушдёфта оварда мерасонад, ки забони модариашро аз худ кардааст ва бо забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо ва бо забони англисӣ ҳамчун забони густурдаи ҷомеаи ҷаҳонӣ сўҳбат карда тавонад.

Барномаи мазкур заминаи ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии такмили омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимӣ мебошад, ки барои солҳои 2015-2020 пешбинӣ гардида, мақсаду вазифа ва самтҳои татбиқи онро дар раванди таълиму тарбия, кафолати давлатӣ ба таълимгирандагон ва кормандони муассисаҳои таълимӣ, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, илмӣ, таъминоти кадрӣ, моддӣ — техникӣ ва молиявии Барномаро дар ҳамкориҳои байналмилалӣ фаро мегирад.





  1. Поделитесь с Вашими друзьями:
  1   2   3   4   5   6   7   8   9


База данных защищена авторским правом ©psihdocs.ru 2019
обратиться к администрации

    Главная страница